21:49, 19 Сентябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар «Ҷоми рушд-2019» бо дастаи Беларус бозӣ анҷом дод

Шоми дирӯз дар пойтахти Беларус – шаҳри Минск мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2019» оғоз гардид.

Дар он дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол иштирок дорад. Дар бозии аввал дар гурӯҳи «А» шогирдони Зайниддин Раҳимов аз дастаи мизбон – Беларус бо ҳисоби 5: 0 мағлуб шуд. Ёдовар мешавем, ки дар даври дуюм, 22 январ, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби наврасони Белгия рақобат мекунад. Дар бозии дигари даври аввал дастаи мунтахаби наврасони Белгия бар дастаи мунтахаби наврасони Финландия бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Дар асоси низомномаи мусобиқа, дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо тибқи системаи даврӣ дар як давр бозӣ мекунанд. Дастаҳое, ки дар се гурӯҳ ҷои аввалро ишғол менамоянд, инчунин беҳтарин дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо барои ҷом талош мекунанд. Ду дастаи дигари ҷои дуюми гурӯҳҳо ҳамроҳ бо ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо, ки ҷои сеюмро ишғол мекунанд, барои ҷойҳои 5-8 бозӣ мекунанд. Дастаҳои ҷои чорум ва се дастаи ҷои сеюми гурӯҳҳо бозиро барои ҷойҳои 9-12 идома медиҳанд. Хотиррасон менамоем, ки ин мусобиқа барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2019 ба ҳисоб меравад, ки аз 5 то 27 октябр дар Перу баргузор мешавад. Мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасон (U-17) «Ҷоми рушд-2019» дар Минск Гурӯҳи «А». 1-ум давр Белорус – ТОҶИКИСТОН – 5:0 Голҳо: Шаҳром Назаров, 11 – автогол (1:0). Адамчик, 29 (2:0). Плют, 35 (3:0). Шестюк, 56 (4:0). Шестюк, 73 (5:0). Белорус: Сидорин, Макаренко, Шалашников (Якушевич, 73), Сичев (Киркиский, 65), Ломако (Никипоренок, 41), Ковалевич (Ровдо, 51), Плют (Шестюк, 41), Адамчик, Лисакович (Лискевич, 65), Забелин (Ложкин, 51), Жук. Тоҷикистон: Муҳриддин Ҳасанов, Шаҳром Назаров, Шоҳрух Сангов, Ҷонибек Шарипов (Авазбек Зиёзода, 73), Исроил Холов, Озодбек Панҷиев (Меҳробҷон Азимов, 63), Азизбек Ҳасанов (Амадонӣ Камолов, 41), Шуҳрат Элмуродов (Ислом Зоиров, 41), Шарифбек Раҳматов, Эмомалӣ Аҳмадхон (Парвиз Ҳоҷиев, 75), Сунатулло Исмоилов (Рустам Соиров, 41). Белгия – Финландия – 1:0 Гурӯҳи «В». 1-ум давр Исроил – Молдова – 1:2 Исландия – Гурҷистон – 0:3 Гурӯҳи «С». 1-ум давр Словакия – Литва – 2:0 Булғория – Украина – 1:0 Бозиҳои оянда: 2-юм давр 22 январ (сешанбе) 12:00. Булғория – Литва 14:05. Украина – Словакия 16:10. Исландия – Молдова 18:15. Белгия – ТОҶИКИСТОН 20:20. Финландия – Беларус 22:25. Гурҷистон – Исроил 3-юм давр 24 январ (панҷшанбе) 12:00. Литва – Украина 14:05. Словакия – Булғория 16:10. Молдова – Гурҷистон 18:15. ТОҶИКИСТОН – Финландия 20:20. Беларус – Белгия 22:25. Исроил – Исландия Бозиҳои плей-офф 26 январ (шанбе) 12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12 14:05. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12 16:10. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8 18:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8 20:20. Нимфинал 22:25. Нимфинал Бозиҳои ҳалкунанда 28 январ (душанбе) 12:00. Бозӣ барои ҷои 11 14:10. Бозӣ барои ҷои 9 12:00. Бозӣ барои ҷои 7 14:10. Бозӣ барои ҷои 5 16:20. Бозӣ барои ҷои 3 18:40. Финал 20:30. Маросими пӯшидашавӣ