05:54, 22 Октябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон роҳхати Чемпионати ҷаҳонро ба даст овард!

Шоми дирӯз дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон

дар бозии 1/4-финалии Чемпионати Осиё дастаи мунтахаби Кореяи Шимолиро шикаст дода, ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2019, ки дар Перу доир мегарданд, роҳхат гирифт. Футболбозони тоҷик то дақиқаи 70-ум бо натиҷаи 1:0 баъди голи задаи Рустам Соиров (дақиқаи 14) дар сафи пеш буданд, аммо голи ҷавобӣ аз ҷониби Ри Ҳун (дақиқаи 69) натиҷаро мусовӣ-1:1 кард. Тибқи низомномаи мусобиқа, барои муайян кардани ғолиб дастаҳо баъди анҷоми вохӯрӣ ба задани силсилаи зарбаҳои 11-метра рӯ оварданд. Дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон Мӯҳриддин Ҳасанов ҳамаро қоил карда, ду зарбаи 11-метраро баргардонд ва имкон дод, ки дастаи Тоҷикистон роҳи худро ба бозиҳои нимфиналӣ ҳамвор кунад. Дар натиҷа дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 4:2 ғолиб омад ва ба бозиҳои нимфиналии Чемпионати Осиё роҳхат гирифт. Ба замми ин наврасони мо роҳхати Ҷоми ҷаҳони соли 2019-ро низ сазовор гардиданд. Мо бо ин ғалаба ҳамаи сокинони Тоҷикистон ва футболбозону роҳбарони футболи мамлакатро муборакбод мегӯем: мо бо шумо ифтихор дорем! Кореяи Шимолӣ – ТОҶИКИСТОН – 1:1. Аз пеналтӣ – 2:4 Голҳо: Рустам Соиров, 14 (0:1). Ри Ҳун, 69 (1:1). Силсилаи зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ: Ра Нам Хон – 1:0. Шарифбек Раҳматов – 1:1. Ким Ҷин Гук – 1:1 (даврвозабон). Озодбек Пандҷиев – 1:2. Чае Ю Сонг – 1:2 (даврвозабон). Ҷонибек Шарифов – 1:3. Ким Ҷин Хиок – 2:3. Рустам Соиров – 2:4. Тоҷикистон: Мӯҳриддин Ҳасанов, Ҷонибек Шарифов, Шаҳром Назаров, Исроил Холов (Шоҳрух Сангов, 84), Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Нидоёр Забиров, Шарифбек Раҳматов, Амадони Камолов (Озодбек Панҷиев, 81), Эмомалӣ Аҳмадхон, Ислом Зоиров, Рустам Соиров. Огоҳӣ: Ким Вон Ил, Пак Рионг Гвон (Кореяи Шимолӣ), Эмомалӣ Ахмадхон (Тоҷикистон). Бозингари беҳтарин: Мӯҳриддин Ҳасанов (Тоҷикистон). Довар дар майдон: Умар Иброҳим Ҳасан Маҳфуз (Баҳайн). Нозири доварон: Маъсуд Мурадӣ (Эрон). Комиссари бозӣ: Ричард Ҷосон (Филиппин). 30 сентябр. Варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая». 100 тамошобин. Япония – Уммон– 2:1 Голҳо: Исса Халфон Аннабӣ, 14 –худгол (1:0). Тариқ Хамис Алмашарӣ, 22 (1:1). Шодҷӣ Тояма, 81 (2:1). 30 сентябр. Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил. 267 тамошобин. 1 октябр 13:30 – Индонезия – Австралия. 17:45 – Кореяи Ҷанубӣ – Ҳиндустон Нимфинал 4 октябр 13:30 – Япония – ғолиби ҷуфти Индонезия/Австралия. 17:45 – Тоҷикистон – ғолиби ҷуфти Кореяи Ҷанубӣ/Ҳиндустон. Финал 7 октябр 17:45 – Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил