07:49, 18 Июли 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Миёни кормандони вазорату идораҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» мусобиқаи футболи хурд доир мешавад

Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе»

аз 6 май то 27 июни соли равон байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд гузаронида мешавад. Дар ин росто, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарори марбута ба тасвиб расонд. Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ҳадаф аз баргузории мусобиқаи кушоди варзишӣ ташвиқу тарғиб ва рушду варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ мебошад. Майдончаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон макони баргузории мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд муайян карда шудаанд. “Ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани мусобиқаи варзишӣ дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе кумитаи тадорукот таъсис дода шуда, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланд доир намудани мусобиқаи футболи хурд ба суратҳисоби махсуси дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе 50 ҳазор сомонӣ ҷудо намояд”, — омадааст дар хабари манбаъ. Ҳамчунин ба муовини соҳавии Раиси шаҳр дастур дода шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои марбута барои ҷалби дастаҳои футболи кормандони вазорату идораҳо тадбирҳои зарурӣ андешад. Инчунин тибқи ин қарор, Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, амният ва тандурустӣ вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амниятӣ шаҳрвандон ва хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.