- Тирпарронӣ дар Димишқ
- Сӯхтори шадид дар Чин
- Садамаи нақлиётӣ дар иёлати Колимаи Мексика
- Ифлосшавии курраи замин аз маводи пластикӣ
- ИМА: Тирпарронӣ дар Сан-Франсиско
- Эътирози оммавӣ дар Чили
- Амалиёти муҳташами зиддитеррористӣ дар Ҳиндустон
- Ҳамлаи маргбори Замфара
- 17 куштаи бархӯрди 2 қаиқ дар Чин
- Сӯхтори ҷангалзор дар Забайкали Федератсияи Россия
Комроншоҳи Устопириён дар Мусобиқаи байналмилалии Гран-Прии дзюдо («Grand-Prix Antalya 2018») соҳиби медали тилло гардид!
Паҳлавони номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Мусобиқаи
байналмилалии Гран-Прии дзюдо («Grand-Prix Antalya 2018»), ки дар шаҳри Анталияи Туркия шоми 8 апрел анҷом ёфт, зимни рақобат дар вазни 90 кило медали тилло ба даст овард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Комроншоҳ шоми 8 апрел дар рақобати ниҳоӣ бо қаҳрамони ҷаҳон дар гӯштини дзюдо Неманҷа Маҷдов аз Сербистон пирӯзӣ ба даст овард. Баъди ин ғалабаи паҳлавони тоҷик Тоҷикистон миёни 50 кишвари иштирокдор ба зинаи 8-ум баромад. Комроншоҳи Устопириён бори дуюм аст, ки сазовори медали тилло мегардад, зеро ӯ дар «Анталия Гран-При 2017” низ соҳиби мақоми аввал шуда буд. Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи байналмилалии Гран-Прии дзюдо зиёда аз 300 варзишгар аз 50 кишвар миёни ҳам рақобат намуданд. Дар ин мусобиқа дар вазни то 100 кг Саидҷалол Саидов мақоми ҳафтум касб кард. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 7 варзишгар: Наврӯз Каримзод, Беҳрӯзи Хоҷазода, Мирзоҷамил Рамазонов, Ҷаҳонгир Маҷидов, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов муаррифӣ намуданд.
- Имрӯз дар шаҳри Душанбе боз чор майдони хурди футбол ба истифода дода шуд 06 Апрел 2018
- ФУТБОЛ: дастаи «Хуҷанд» бозии ҷавобиро дар майдони худ баргузор мекунад 19 Феврал 2018
- Ҷоми чемпионати ҷаҳон оид ба футбол – аввалин бор дар Тоҷикистон! 05 Феврал 2018
- Футбол: рақиби дастаи «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2018 муайян гардид 02 Феврал 2018
- Беҳрӯзи Хоҷазода варзишгари сол эълон шуд! 20 Декабр 2017
- Санаи маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳои футболи тоҷик маълум гардид 18 Декабр 2017
- ФУТЗАЛ: дастаи мунтахаби Туркия ба Душанбе меояд 11 Декабр 2017
- «Истиқлол» бар дастаи «Бенгалуру»-и Ҳиндустон ғолиб омад! 19 Октябр 2017
- БОЗИҲОИ ОСИЁ-2017 АНҶОМ ЁФТАНД 28 Сентябр 2017
- Шумораи медалҳои варзишгарони тоҷик дар 5-умин Бозиҳои Осиё дар Ашқобод ба 14 адад расид 20 Сентябр 2017