07:54, 18 Июли 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

ФУТБОЛ: дастаи «Хуҷанд» бозии ҷавобиро дар майдони худ баргузор мекунад

Дастаи футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон дар доираи бозиҳои марҳилаи

плей-оффи Ҷоми КФО- 2018 бозии ҷавобии худро бо дастаи футболи «Аҳал»-и Туркманистон 20 феврал дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мекунад. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 13 феврал дастаи футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон дар доираи бозиҳои марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО- 2018 бозии аввалини худро бо дастаи футболи «Аҳал»-и Туркманистон дар сафар анҷом дод. Бозӣ хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби 1:0 бар нафъи соҳибони майдон ба анҷом расид. Ягона голи ин дидорро дар дақиқаи 18-уми бозӣ Мурат Анаев тавассути зарбаи ҷаримавии 11- метра ба ҳадаф расонид. Акнун ба дастаи футболи «Хуҷанд» дар бозии ҷавобӣ танҳо ғалаба бо фарқияти ду тӯб имкони иштирок дар марҳилаи гурӯҳиро фароҳам меоварад. Ёдовар мешавем, ки ба ин гурӯҳ дастаҳои «Алай»-и Қирғизистон, «Алтин Асир»-и Туркманистон ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон шомил мебошанд. Дар сурати ғалабаи дастаи «Хуҷанд» аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал 2 даста ба сабқатҳои гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми Осиё роҳхат мегиранд.