06:59, 14 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҷоми чемпионати ҷаҳон оид ба футбол – аввалин бор дар Тоҷикистон!

Дар доираи саёҳати ҷаҳонӣ Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол тариқи ҳавопаймои махсуси Федератсияи

байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) рӯзи душанбе, 5-уми феврал, ба Тоҷикистон оварда мешавад. Дар доираи иқдоми «FIFA World Cup Trophy Tour», ки бо дастгирии ширкати «Coca Cola» гузаронида мешавад, Ҷоми Чемпионати ҷаҳон оид ба футболро аввалин бор ба Тоҷикистон меоранд. Мухлисон ва ҳаводорони футбол метавонад ин Ҷомро аз наздик бубинанд ва бо он акс бигиранд. Ба гуфтаи намояндаи ширкати «Coca Cola» дар Тоҷикистон Аскар Маратов, Ҷоми Чемпионати ҷаҳон дар ҳавопаймои махсус ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рӯзи душанбе, соати 15:30 мерасад. Соати 16:30 дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и Душанбе ба ин муносибат нишасти хабарӣ доир мегардад. Хабарнигорон имкон пайдо мекунанд, ки Ҷомро аз наздик бубинанд. Баъдан Ҷоми тиллоӣ дар витрина ё қафаси махсуси шишагӣ дар маҷмааи «Кохи Борбад» гузошта мешавад ва ҳазорҳо нафар мухлисони футбол ва муштариёни «Coca Cola» метавонанд аз соати 16:00 то 19:00 бо он аксбардорӣ кунанд. Ба гуфтаи Аскар Маратов, бинобар зиёд будани хоҳишмандон, барои иштирок дар чорабиниҳо ширкати «Coca Cola» озмун доир мекунад ва барои гирифтани чиптаи воридшавӣ бояд аз нӯшокиҳои ин ширкат харидорӣ намуд. Барои ин зарур аст, ки 3 бутали якунимлитраи «Coca Cola» дар супермаркетҳои Душанбе («Пайкар Плаза», «Пайкар», «Пойтахт», «Арзанда», «Рӯдакӣ Плаза», «Европа», «Сабад», «Шоҳона» (50-солагӣ), «Ёвар» (Ҳаёти нав), Ёвар (диагностика), Ёвар- 5) харидорӣ намуда, бо пешниҳоди чек ба хазина барои ин чорабинӣ чипта талаб карда шавад. Шумораи чиптаҳо маҳдуд аст. Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ба мухлисони сершумори футбол имкон фароҳам меорад, ки ба маъракаи ҳаяҷонбахши тайёрӣ ба ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ бевосита ҳамроҳ шаванд ва Ҷоми дар ҷаҳон машҳури (The World Cup) футболро, ки 15 июли соли ҷорӣ дар варзишгоҳи «Лужникии» Москва ба беҳтарн дастаи мунтахаби ҷаҳон супорида мешавад, бо чашмони худ бубинанд. Ҷоми ҷаҳон (The World Cup) – ҷоизаи асосиест, ки ба ғолибони Чемпионати ҷаҳон таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) супорида мешавад. Аз соли 1930, ки аввалин чемпионати ҷаҳон баргузор шуда буд, ба дастаи ғолиб ду ҷоиза супорида мешуд: Ҷоми Жюля Риме аз соли 1930 то 1970 ва Ҷоми ҷаҳон ФИФА аз соли 1974 то имрӯз. Ҷоми Жюля Риме, сараввал «Ғалаба» (русӣ: «Победа», англ.: Victory) ном дошт, баъдан онро ба номи собиқ президенти ФИФА Жюля Риме гузоштанд. Ҷом аз тилло ва нуқраи тамғаи 925 ва лоҷвард омода шуда, дар он акси Нику, Худои пирӯзии Юнони Қадим ҳаккокӣ шуда буд. Соли 1970 дастаи мунтахаби Бразилия сеюмин бор чемпиони ҷаҳон шуда, ҷомро якумрӣ ба худ бурд, зеро пас аз он Ҷоми тиллоии Жюля Римеро дуздиданд ва он дигарбора барқарор карда нашуд. Ҷоми имрӯзаи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол соли 1974 аввалин маротиба истифода гардид. Он аз тиллои 18-қирота ва дар заминаи санги ахзар сохта шуда, дар он ҷуфти инсон кураи заминро медоранд. Ёдовар мешавем, ки сайри Ҷоми Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол тирамоҳи соли гузашта оғоз гардида буд. Маросими расмии он 9 сентябр дар Москва баргузор гардид. Ҷом шаҳрҳои Россия ва дигар кишварҳои дунёро «сайр карда», боз ба Москва бармегардад. Президенти Россия в роҳбари ФИФА дар варзишгоҳи «Лужники» ба он оғози расмӣ бахшиданд. Ҷоми ҷаҳон то оғози Чемпионати ҷаҳон 126 ҳазор километрро дар зиёда аз 50 давлат дар чор қитъа сайр карда, сипас ба Москва баргардонида мешавад.