22:46, 25 Июни 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

ФУТЗАЛ: дастаи мунтахаби Туркия ба Душанбе меояд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2018, ки аз 1 то 11 феврал дар шаҳри Тайбэйи Чин баргузор мешавад, бо дастаи мунтахаби Туркия ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон ва Туркия 26 ва 27 декабр дар шаҳри Душанбе барпо мегарданд. Зимнан, моҳи феврали соли равон дастаҳои мунтахаби футзали Туркия ва Тоҷикистон ду бозии дӯстона доир карда буданд, ки ҳарду дидор дар шаҳри Ялова бо пирӯзии мизбонон ва бо натиҷаҳои 5:4 ва 3:2 хотима ёфт. Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Туркия баҳри анҷом додани ду бозии дӯстона ба Душанбе меояд. Бозиҳои дӯстона бо дастаи мунтахаби Туркия барои дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон як давраи омодагӣ ба мусобиқоти 15-уми чемпионати футзали Осиё ба шумор мераванд. Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳе, ки бозӣ хоҳад кард, 12 декабр бар асоси қуръакашӣ маълум мешаванд. Аллакай таркиби сабадҳо, ки аз рӯи онҳо ҳангоми қуръакашии Чемпионати Осиё-2018 дастаҳо тақсим мешаванд, маълум гаштааст. Ба дастаи мунтахаби Тайбэйи Чин ба ҳайси мизбони мусобиқот дар гурӯҳи «А» мавқеи аввал дода шудааст. Ба сабади якум инчунин ҷоизадорони чемпионати охирини Осиё дар Тошканд–Эрон, Ӯзбекистон ва Тайланд дохиланд. Ба сабади дуюм дастаҳои мунтахаби Ветнам, Қирғизистон, Япония ва Ироқ ворид шуданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба сабади сеюм шомил гашт ва дар марҳилаи гурӯҳии Чемпионати Осиё-2018 бо дастаҳои Чин, Лубнон ва Урдун рӯ ба рӯ намешавад. Ба сабади чаҳорум Малайзия, Баҳрайн, Кореяи Ҷанубӣ ва Мянмар дохиланд. Аз рӯи натиҷагирии қуръакашӣ ширкаткунандагони марҳилаи ниҳоӣ ба чаҳор гурӯҳ (аз «A» то «D») тақсим мешаванд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври плей-офф роҳ меёбанд.