02:50, 16 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар се рӯзи 5-умин Бозиҳои Осиё дар Ашқобод варзишгарони тоҷик 11 медал ба даст оварданд

Дар рӯзи сеюми 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида

ва ҳунарҳои размӣ, ки дар пойтахти Туркманистон шаҳри Ашқобод идома доранд, варзишгарони тоҷик сазовори 4 медали биринҷӣ гардиданд. Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, имрӯз мусобиқаҳо аз рӯи намуди гӯштини анъанавии тарзи классикӣ идома ёфтанд. Варзишгарони тоҷик Ҳасан Ёриев дар вазни -82 кг, Абдураҳмон Маматқулов -100 кг, Маҳмад Миров +100 кг ва Самандар Эрназаров +100 кг медалҳои биринҷии бозиҳоро ба даст оварданд. Ёдовар мешавем, ки Абдураҳмон ва Самандар дар гӯштини тарзи озод низ медали биринҷӣ ба даст оварда буданд. Инак, баъд аз натиҷагирии 3 рӯзи мусобиқот Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани 1 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 63 давлати иштирокчӣ дар ҷои 19-ум қарор дорад. Кишвари мизбон – Туркманистон бо 62 медал (29 тилло, 21 нуқра, 12 биринҷӣ) дар ҷои аввал аст. Ҷумҳурии Исломии Эрон бо 4 медали тилло, 2 нуқра ва 6 биринҷӣ дар мақоми дуюм, Ӯзбекистон бо 3 медали тилло, 5 нуқра ва 20 биринҷӣ дар мақоми сеюм қарор доранд. То имрӯз варзишгарони 23 давлат соҳиби медалҳои бозиҳо гардида, варзишгарони 17 давлат медалҳои тиллои бозиҳоро ба даст овардаанд.