01:31, 23 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Полиси Испания раиси федератсияи футболи мамлакатро боздошт намуданд

Кормандони полиси Испания раиси федератсияи футболи мамлакат

Анхел Мария Виляро бо гумони даст доштан дар амалҳои коррупсионӣ боздошт намуданд. Амалиёти боздоштнамоӣ дар қароргоҳҳои федератсия ва дигар идораҳои дахлдор сурат гирифт. Дар доираи тафтишоти зиддикоррупсионӣ ҳамчунин писари Виля ва ду мансабдори дигар боздошт карда шуданд. Онҳо дар мансаби ноиби раиси федератсияи футболи Испания оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва котиби федератсияи минтақавӣ фаъолият доштанд. Ба иттилои прокуратура боздоштшудагон бо гумони сӯйистифода аз мансаб, ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба хазинаҳои молӣ, ришваситонӣ, инчунин омодасозии ҳуҷҷатҳои қалбакӣ айбдор дониста мешаванд.