01:19, 17 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дилшод Назаров беҳтарин варзишгари сол дар қитъаи Осиё дониста шуд

Гурзандози маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпии соли 2016

дар Рио-де-Жанейро Дилшод Назаров Беҳтарин варзишгари сол дар қитъаи Осиё аз намуди варзиши сабук дониста шуд. Бино ба иттилои Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё Ҷоиза ба варзишгари тоҷик 4 июл дар шаҳри Одишаи Ҳиндустон тақдим гардид. Дар Сипосномаи ноиби президенти Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё Даҳлан Ал Ҳамад, ки ба Дилшод Назаров фиристода шудааст, гуфта мешавад: «Барои ман ифтихори бузург аст, ки аз номи Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё ва ҳамаи аъзои осиёии он Шуморо ба муносибати Беҳтарин варзишгари сол дар қитъаи Осиё аз рӯи намуди варзиши сабук шуданатон муборакбод мегӯям». Ноиби президенти Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё зикр намудааст, ки ин Ҷоиза шаҳодати меҳнати зиёд ва фидокории Дилшод Назаров аст ва изҳори умедворӣ кардааст, ки агар Дилшод Назаров ин равишро идома диҳад, ба натиҷаҳои боз ҳам баландтар ноил гардида, барои кишвар ва қитъаи Осиё ифтихори бештар хоҳад овард.