00:43, 22 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Футболбозони тоҷик дар Узбекистон ҳарифонашонро бо ҳисоби 7:4 мағлуб карданд

Дар чорчӯбаи омодагӣ ба Чемпионати Осиё- 2017 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон

оид ба футзал бо ҳарифонашон аз Узбекистон бозии дӯстона доир намуда, дар он бо ҳисоби калони 7:4 ғолиб омаданд. Бозии мазкур шоми 25 апрел дар маҷмааи варзишии «Универсал»-и шаҳри Тошканд баргузор гардид. Қисми аввали вохӯрии варзишгарони тоҷику узбек бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи футболбозони тоҷик ба анҷом расид, дар қисми дуюми 20-дақиқагии бозӣ низ футболбозони тоҷик тавонистанд 4 голи дигар ба дарвозаи ҳарифашон равон кунанд. Дар натиҷа бозӣ бо ҳисоби 7:4 ба фоидаи дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба анҷом расид. Тӯбҳоро аз дастаи Тоҷикистон Файзали Сардоров (3), Умед Қӯзиев, Шоҳрух Ҳамидов, Насим Шарифов ва Иқбол Воситзода ба нишон расониданд. Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро футболбозони то 20-сола намояндагӣ карданд.