11:53, 20 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Рушди ҷудо дар ноҳияи Варзоб

Дар ноҳияи Варзоб ба масъалаи тақвияту тавсеаи варзиш

ва тарбияи ҷисмонӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ мекунанд. Дар ин замина бо сазовор истиқбол гирифтани 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳия оид ба гӯштини ҷудо мусобиқаи кушод доир гардид. Дар мусобиқаи мазкур наврасону ҷавонон дар доираи ду синну сол ва барои ба даст овардани 8 маҷмуи медалҳо талош намуданд. Дар расми ифтитоҳи ин чорабинӣ Раҷабалӣ Турсунзода, ки масъулияти пиёдасозии сиёсати варзишии мамлакатро дар ноҳияи мазкур дорад гуфт, ки ҳадафи асосии баргузори мусобиқа таҳкими дӯстиву рафоқат миёни наврасону ҷавонон ва интихобӣ беҳтарин варзишгарон барои шомил намудан ба дастаи яккачини ноҳия мебошад. Баъд аз рақобатҳои шадиду оштинопазир дар ҳама вазнҳо ғолибон маълуму муайян шуда, бо нишону ифтихорнома ва туҳфаҳои таҳиянамудаи Кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуданд. Бояд таъқид намуд, ки ташкили чунин бозиҳо барои ҷалби ҷавонон ба варзиш, дӯстиву рафоқат миёни ҷавонон, тарбияи ахлоқиву фарҳангии онҳо ва барои ифтихори милливу ватандорӣ, солимии ҷомеа, нагаравидани ҷавонон ба равияҳои номатлуб ва баланд бардоштани фарҳангу маънавиёти онҳо мусоидати комил мекунад.