10:12, 25 Июни 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Месси шоҳонро сарнагун кард

Бошгоҳи футболи “Барселона” дар доираи рақобатҳои даври

33-юми чемпионати Испания дастаи “Реал”-ро шикаст дод. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи муҳташами «Сантяго Бернабеу»-и шаҳри Мадрид сурат гирифта, бо ҳисоби 2:3 бар суди меҳмонон хотима ёфт. Дар ҷараёни қисми аввали рақобат бо ташаббуси мизбонон, аз ҷумла Карлос Каземиро ҳисоби дидор боз намуд. Дар дақиқи 33-юм футболбози моҳир ва беҳтарин нишонзани Эл-кассико Лионел Месси тӯбро аз ҳамдастаи худ Иван Ракитич гирифта, Даниэл Карвахалро гузашт ва дарвозаи Кейлор Навасро рахна кард. Бо ҳамин натиҷаи мусовӣ футболбозон ба танаффус баромаданд. Дар дақиқаи 73-юм Иван Ракитич аз масофаи 22 метр озодона тӯбро вориди дарвозаи соҳибони замин карда, дастаашро пешсаф намуд. Пас аз 4 дақиқа капитани дастаи шоҳона Серхио Рамосро довари марказ бо сабаби дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ корти сурх дода, аз майдон берун кард. Дар дақиқаи 85-ум баъд бозигузории зебои Марсело Хамес Родригес таносуби голҳоро боз ҳам баробар намуд. Аммо бозингари калидии каталониҳо Лионел Месси дар дақиқаҳои иловагӣ бо истифода аз як ҳолати хуби голзанӣ пирӯзии “Барселона”-ро дар ин сабқати мушкил таъмин сохт. Ҳамакнун ҳарду даста бо дарёфти 75 имтиёзӣ дар ҷадвали умумии Ла Лига мутаносибан зинаҳои якуму дуюмро ишғол мекунанд.