19:26, 20 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Рэшфорд “МЮ”-ро ба ниманиҳоӣ бурд

Бошгоҳи «Манчестер Юнайтед» дар бозии ҷавобии даври ¼ ниҳоии Лигаи Аврупо

дар варзишгоҳи “Олд Таффорд” дастаи “Андерлехт”-и Белгияро пазируфт. Ин бозӣ хеле ҷолибу тамошобоб сурат гирифт ва бо ҳисоби 2:1 ба нафъи мизбонон хотима ёфт. Голҳои ғолибонро Мхитариян дар дақиқаи 10-уми бозӣ голи дуюм ва ғалабаоварро дар дақиқаҳои изофӣ ҳамлагари ҷавон ва умедбахши даста Маркус Рэшфорд ба самар расонида дастаи хешро ба даври нимниҳоӣ баровард. Ягона голи меҳмононро Ханни ба самар расонид. Бозии аввал байни дастаҳо бо ҳисоби мусовӣ 1:1 хотима ёфта буд. Рақиби “Манчестер Юнайтед” имрӯз баъд аз қуръакашӣ муайян хоҳад шуд.