02:12, 18 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

«Барселона» наҷот наёфт

Дар бозии ҷавобии даври ¼ ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо

бозии ҷолиб байни дастаҳои “Барселона” ва “Ювентус” доир шуд. Дар ин бозӣ бошгоҳи “Барселона” натавонист хати дифои дастаи “Ювентус”-ро рахна кунад. Ҳамин мусовӣ боиси он гардид, ки барои “Барселона” рақобатҳо дар доираи бозиҳои Лигаи Чемпионҳо ба итмом бирасад. Бошгоҳҳои “Барселона” ва “Ювунтус” зимни баргузории бозӣ дар доираи рақобатҳои марҳилаи ¼ ниҳоии Лигаи Чемпионҳо дар варзишгоҳи муҳташами “Камп Ноу” имкон наёфтанд ба дарвозаи ҳамдигар гол бизананд. Бозингарони турин ба рақибони худ имкон надоданд то аз ин бозӣ пирӯз ва дастболо майдонро тарк бигуянд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ювентусиҳо аз чанд холати хуби голзанӣ ҳам натавонистанд пурсамар истифода кунанд. Футболбозони “Барселона” дар пайти дуюм фаъолтар буданд ва фишорро болои рақибонашон бештар намуданд. Аммо ин талошу таррадуди онҳо ягон самарнаовард. Ёдовар мешавем, ки дар рақобати қабли бошгоҳи “Ювентус” бо ҳисоби 3:0 “Барселона”-ро мағлуб намуда буд. Бар асоси бозии мазкур “Ювентус” роҳи худро ба марҳилаи ниманиҳоии рақобатҳои Лигаи Қаҳрамонҳо ҳамвор намуд.