02:12, 18 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Пирӯзии пурғавғои “Реал”

Бошгоҳи футболи “Реал”-и Мадриди Испания дар бозии ҷавобии

даври ¼ ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо дастаи “Бавария”-и Олмонро дар дақиқаҳои иловагӣ шикаст дод. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу»-и шаҳри Мадрид сурат гирифта, бо ҳисоби 4:2 ба суди соҳибони замин хотима ёфт. Дар ҷараёни қисми дуюми дидор ҳуҷумкунандаи меҳмонон Арен Роббенро ҳимоятгари дастаи шоҳона Каземиро бо як шигирди нораво аз пой дар зад. Бо эътино ба қоидаситезии мазкур довар зарбаи ҷаримавии 11 метра таъйин кард, ки ин дови голзаниро сафдари сафшикани мюнхениҳо Роберт Левандовскии олмонитабор моҳирона иҷро кард. Дар дақиқаи 76-ум бошад, партофти басо дурусту дақиқи ҳамдастааш Каземироро бозингари хати ҳамлаи гаразмониҳо Криштиану Роналду бо сар таслими тури дарвозаи меҳмонон сохта, ҳисоби дидорро баробар кард. Ду дақиқа пас аз ин рӯйдоди фараҳбахш барои мадридиҳо Томас Мюллер тӯбро ба майдончаи дарвозабон ҳаво дод, ки Серхио Рамосро дар ғафлат андохт. Ин муҳофизатгари қавӣ бидуни интизор тӯбро дар вазъи саросемагӣ ба дарвозаи худ зад. Дар дақиқаи 84-уми пайти дуюми бозӣ ниммуҳофизатгари бавариягиҳоро довари марказӣ бар асари қоидаситезӣ баргаи зарди дуюмро дар ҳаққи ӯ раво шумурда аз майдон ронд. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба суди меҳмонон поён ёфта, бо эътино ба таносуби натиҷаҳо аз ду бозӣ тибқи муқаррароти низомнома ду пайти иловагии 15 дақиқагӣ таъйин карда шуд. Дар ин фурсату фосила бошгоҳи шоҳона пурра ташаббусро дар ихтиёр гирифта се тӯби дигар ба дарвозаи ҳарифон ворид сохт. Муаллифи голҳо боз ҳам Криштиану Роналду ва Асенсио буданд. Ин пирӯзӣ роҳи “Реал”-ро ба даври нимниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо ҳамвор кард.