10:19, 25 Июни 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Чемпиони Қирғизистон ба Душанбе омад

Чемпиони Қирғизистон оид ба футбол- дастаи «Олой»-и шаҳри Ӯш

барои бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар гурӯҳи «D» бо дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ба пойтахти кишварамон омад. Ҳайати даста аз 18 нафар бозингарон таркиб ёфтааст, ки 4 нафарашонро легионерҳо ташкил медиҳанд. Дар ин қатор дарвозабони асосии тими мунтахаби Тоҷикистон Абдуазиз Маҳкамов низ ҳузур дорад. Шоми дирӯз дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе меҳмонон аввалин тамрини худро ба сомон расониданд. Ҳайати «Олой» аз ин бозингарон иборат мебошад: Дарвозабонҳо Абдуазиз Маҳкамов (Тоҷикистон), Марат Мамасодиқов, Абдулнур Мамитов. Ҳимоятгарон Илёс Олимов, Шӯҳрат Раҳмонов, Нурсултан Отамирзоев, Бекбулат Акматалиев, Акрамҷон Умаров, Улуғбек Рисқулов. Нимҳимоятгарон Сидибе Модибо (Нигерия), Бакит Маматов, Аброр Қодиралиев, Одилҷон Абдураҳмонов, Абдурашид Саидраҳмонов. Ҳамлагарон — Умарбек Тухтасинов (Ӯзбекистон), Мақсад Олимов, Владимир Верёвкин, Алиа Силла (Гвинея). Сармураббӣ: Неъмат Кошоков Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси Душанбе» нишасти матбуотии сармураббиёни дастаҳо бо хабрнигорон баргузор мешавад. Бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Олой» 18 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 19:00 шурӯъ мегардад. Тавре хабар дода будем, ин вохӯриро довари ФИФА Ҳироюки Кимура аз Ҷопон бо ёваронаш Наги Тошиюки ва Синдзи Очи ҳакамӣ мекунанд. Довари эҳтиётӣ Аҳмад Яъқуб Иброҳим аз Урдун мебошад. Бозии дигари ин гурӯҳ бо иштироки дастаҳои «Дордой-и Қирғизистон ва «Олтин Асир»-и Туркманистон дар мизбонии «Дордой» барпо хоҳад шуд. Баъди натиҷаи ду даври мусобиқа дар гурӯҳи «D» дастаҳои «Истиқлол» ва «Олтин Асир» соҳиби 4 имтиёз ҳастанд. «Дордой» се имтиёз дошта, «Олой» имтиёзе надорад.