06:54, 26 Июни 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба “Рӯзи пойтахт” (15.04.2017)

Имрӯз, 15-уми апрел бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон мусобиқаи оммавӣ – варзиши оид ба намуди шоҳмот ва шашка доир карда мешавад. Мусобиқаи мазкур тибқи нақшаи тасдиқгардида дар Муассисаи давлатии “Боғи Ирам”, назди Театри опера ва балет ба номи С.Айнӣ, боғҳои Рӯдакӣ, Дӯстии халқҳо ва кӯли ҷавонон бо иштироки варзишгарон, дӯстдорони варзиш ва сокинону меҳмонони пойтахт доир карда мешавад. Инчунин 15 апрел дар Боғи Ирами пойтахт озмуни мусаввирони ҷавон таҳти унвони “Пойтахт хонаи умеди тоҷикон”, мусобиқаи оммавӣ – варзишии шоҳмот ва шашка, барномаи фарҳангӣ ва намоиши маҳсулотҳои дастӣ ва озмуни оммавии кӯдакон “Расм дар рӯйи мумфарш” баргузор мегардад.