07:15, 23 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дибала дар “Ювентус” боқӣ хоҳад монд

Бошгоҳи “Ювентус”-и Турин дар сомонаи расмиаш дар мавриди тамдид намудани

шартнома бо бозингари аргентинии даста Пауоло Дибала эълон намуд. Қарордоди нав бо ин бозингари 23-солаи аргентинӣ то санаи 30-июни соли 2022 ба ҳисоб гирифта шудааст. Мутобиқи иттилои расонаҳои хабарии итолиявӣ маоши солонаи Дибала аз рӯйи шарномаи нав 7 миллион евроро ташкил медиҳад. Бошгоҳи муқтадири “Реал” омодааст, ки барои Дибала ба “Ювентус” 105 миллион евро пардохт намуда, барои худи Дибала бошад, маоши 10 миллион евро дар як солро пешниҳод кардааст. Дибала тобистони соли 2015 аз бошгоҳи “Палермо” ба дастаи “Ювентус” гузариш намуд. Дар ҳайати бошгоҳи туринӣ бо иштироки худ дар 58 бозиҳои чемпионати Италия 27 голро марбути номи хеш кардааст. Ҳамчунин дар ҳайати дастаи мазкур Дибала ба унвони қаҳрамони Италия, дорандаи Ҷоми Италия ва Суперҷом шарафёб гардидааст. Рӯзи сешанбе ин бозингари аргентинӣ дар бозии хонагии марҳилаи ¼ ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо бар муқобили “Барселона” дубл карда буд, ки дар ин бозӣ “Ювентус” бо ҳисоби 3:0 ғолибият ба даст овард.