08:59, 24 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Беҳтаринҳои карате-до дар мавсими нав муайян шуданд

Чемпионати имсолаи кишвар оид ба каратэ-до бо иштироки дастаҳои

ғолиби шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар толори мактаби маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин баргузор шуд. Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ масъулини соҳа, асосгузорони варзиши мазкур дар ҷумҳурӣ, мураббиёну доварон ва меҳмонони фахрӣ ширкат намуданд. Баъди ба барномаҳои Бозиҳои олимпӣ шомил шудани каратэ-до аз ҷониби масъулин низ ҷиҳати интихоби чеҳраҳои арзанда мароқи бештар зоҳир мегардад. Меҳмони ифтихории маърака қаҳрамони Бозиҳои олипии Рио-де Жанейро, гурзандози дастони тоқик Дилшод Назаров низ қадамҳои устувори ҷавонони боиродаро дар амри талош ба қасди дарёфти роҳхати ширкат дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 муваффақияти шоён арзёбӣ намуд. Аз ҷониби роҳбарияти Федератсияи каратэ-дои ҷумҳурӣ ба ҳамаи меҳмонону собиқадорон қабл аз ифтитоҳи мусобиқа сипосномаю ҷоизаҳои ифтихорӣ тақдим гардид. Баъд аз садо додани Суруди миллӣ мусобиқа расман ифтитоҳ ёфта, дар рӯзи аввали он варзишгарони ҷавон ва бузургсол дар 14 вазн қувваозмоиҳои инфиродиро анҷом дода, пирӯзиро бештар намояндагони дастаҳои ШНТМ ва шаҳри Душанбе ба даст оварданд. Дар хотима ба ҳамаи ғолибони сабқатаҳои инфиродӣ ва даставӣ дар намудҳои маъмули варзиши каратэ-до, ки ба барномаи чемпионати имсола шомил буданд, медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи каратэ-дои мамлакат тақдим гардид. Ҳамчунин ғолибон муайян гашта, онҳо омодагиро ба мусобиқаҳои минбаъдаи дохилию хориҷӣ баъд аз натиҷагирии чемпионат оғоз хоҳанд кард.