14:09, 20 Феврали 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Феврал 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Имрӯз бозиҳои интихобии даври сеюми Ҷоми Осиё-2018 оид ба футбол байни бонувон доир мешаванд

Имрӯз бозиҳои интихобии даври сеюми Ҷоми Осиё-2018 дар гурӯҳи «А», ки

дар шаҳри Душанбе идома доранд, гузаронида мешаванд. Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар соати 16:00 бо дастаи мунтахаби Филиппин, ки дар ду бозии пешинааш ба ғалаба комёб шудааст, вориди рақобат мешавад. Пешсафи гурӯҳ-дастаи мунтахаби Урдун бо Ироқ (соати 19:00) ва дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб бо Баҳрайн (соати 13:00) дар ин рӯз бо ҳам қувва меозмоянд. Дар даври дуюми мусобиқа дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон аз дастаи мунтахаби Баҳрайн бо натиҷаи 0:4 мағлуб шуд, Урдун ва Филиппин бар дастаҳои Амороти Муттаҳидаи Араб (6:0) ва Ироқ (4:0) пирӯзӣ ба даст оварданд ва то ҳол ягон бозиро набохтаанд.