09:00, 24 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Истиқлол 1-1 Алтин Асир

Қаҳрамони феълии Тоҷикистон бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе

дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 бо дастаи «Алтин Асир»-и Туркманистон андари майдони рақобат шуд. Ин бозии дуюми футболбозони дастаи “Истиқлол” буд, ки дар гурӯҳи “D”дар сафар сурат гирифта, бо натиҷаи мусовӣ 1:1 поён пазируфт. Дар дақиқаи 31-уми рақобат Ҷаҳонгир Алиев ба кушудани ҳисоб даст ёфт ва истиқлолиҳоро ба пеш баровард. Бо ҳамин натиҷа футболбозон ба танаффус баромаданд. Аммо дар оғози қисми 2-юми бозӣ соҳибони замин як ҳолати хуби голзаниро истифода намуда, ҳисобро баробар карданд. Ин тӯбро Алтимурад Аннадурдиев дар дақиқаи 49-ум вориди дарвозаи Никола Стошич кард. Дар дақиқаҳои охири рақобат шогирдони Муҳсин Муҳаммадив дар баробари ин ҳарифони пурқувват чанд имконияти хуби голзаниро ба миён оварданд, аммо дареғ аз он ки истифода карда натавонистанд. Ёдовар мешавем, ки дастаи "Истиқлол"-и Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бар дастаи «Дордой»-и Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд. Ҳарчанд футболбозони “Истиқлол” бозияшонро бо мусовӣ пушти сар намуда бошанд, ҳам ҳанӯз садрнишини гурӯҳи “D” мебошанд.