08:58, 24 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҷонона ба Тоҷикистон ғалаба овард

Дирӯз мунтахабҳои миллии занонаи Тоҷикистон ва Ироқ

бо ҳам майдондорӣ намуданд. Хубони футболбози тоҷик дар ин дидор аз худ маҳорату малакаи шоиста нишон дода, бо азми қавӣ танҳову танҳо барои ғалаба кӯшиш ба харҷ доданд. Ин талошҳоро бозингари мумтози мунтахаби миллии мамлакат Ҷонона Ҳалимова бо тӯби ба самар расонидааш тақвият бахшид. Аммо ин пирӯзӣ осон ба даст наомад, чаро ки новобаста аз талошу тараддуди бозингарони ҳарду даста дар пайти аввал ҳисоби дидор нокушуда монд ва хубони футболбози тоҷику ироқӣ аз майдон бидуни гол ба танаффус баромаданд. Дар пайти дуюм низ бозӣ маҷрои шадиду ҷолибу ҷозиб касб намуда, чандин ҳолатҳои хатарзову головар назди дарвозаҳои тимҳо созмон ёфт. Зимни як бозисозии зебо ба футболбоздухтарони тоҷик рахна кардани дарвозаи рақибон дар дақиқаи 87-уми дидор муяссар шуд. Муаллифи ин голи ҷононаи пирӯзиовар футболбоздухтари шинохтаи тоҷик Ҷонона Ҳалимова гардид. Новобаста ба рақобати мушаддад дар қисми дуюм ба задани голи дигар дастаҳо даст наёфтанд ва ҳуштаки довар аз ғалабаи хубони футболбози тоҷик башорат дод. Бозии мазкури мунтахаби миллии занонаи Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки тадбирҳои андешидаи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва масъулини даста дар нисбати тақвияту такомул бахшидани ин риштаи варзиш дар миёни ин қишри ҷомеа самараи дилхоҳ овардан дорад.