17:37, 14 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Бозиҳои VIII-умин зимистонаи осиёӣ дар Саппоро оғоз гардид

Санаи 19-уми феврал дар варзишгоҳи “Саппоро - Доум” – и Ҷопон

маросими расмии ифтитоҳи VIII – умин Бозиҳои зимистонаи осиёӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Аҳмад ал - Фаҳд ал - Сабоҳ Президенти Кумитаи олимпии Осиё, Нарухито шоҳзодаи валиаҳди Ҷопон, роҳбарияти ҳайатҳои дастаҳо, варзишгарон, намояндагони ВАО ва дигарон иштирок намуданд. Дар Бозиҳои VIII – умин зимистонаи осиёӣ ҳудуди 2000 нафар варзишгарону мураббиён ва шахсони расмӣ аз 32 дастаҳои мунтахаби кишварҳои қораи Осиё иштирок менамоянд. Ин шумора дар Бозиҳои VII зимистонаи Осиё дар шаҳри Алматии Қазоқистон ба 843 варзишгар ва 26 дастаро ташкил медод. Шасту чор мусобиқа аз рӯйи 11 намуди варзиш аз ҷумла биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, сноуборд, рақси рӯйи ях, фристайл, хоккей бо шайба, шорт-трек дар шаҳрҳои Саппоро ва Обиҳиро баргузор хоҳанд шуд. Бояд зикр намуд, ки маротибаи сеюм аст, ки шаҳри Саппоро мизбони Бозиҳои зимистонаи Осиё мешавад. Солҳои 1986, 1972 ва 1990 низ дар ин шаҳр баргузор гашта буд. Ҳайати дастаи Тоҷикистон иборат аз Соҳибназари Турсунмурод, Баракатулло Зокиров, Сайфиддини Низомиддин ва Баҳриддин Ғоибов аз намудҳои лижаронии куҳӣ дар ин бозиҳо иштирок менамоянд. Варзишгарони тоҷик таҳти сарпарастии Ассосиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон имкони иштирок дар ин мусобиқаи бонуфузро пайдо намуданд.