08:22, 20 Майи 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

"Бавария" ва "Реал" аз пирӯзии худ истиқбол карданд

Дар доираи рақобатҳои даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо

бошгоҳи «Реал»-и Мадрид бар дастаи «Наполи»-и Италия даст ёфт. Ин дидор дар варзишгоҳи муҳташами «Сантяго Бернабеу» баргузор шуда, бо ҳисоби 3:1 бо пирӯзии соҳибони замин хатм шуд. Ҳисоби рақобати ҷолиб дар нафасҳои аввал, саҳеҳтараш дар дақиқаи 8-уми рақобат боз гардид. Як зарбаи дурусту дақиқи футболбози моҳири «Наполи» Лоретсо Инсине аз масофаи дур боис шуд то меҳмонон дар ин дидор бартарият пайдо кунанд. Бо гузора шудани 10 дақиқа ҳамлагари фаронсавии дастаи “Реал”- Мадрид Карим Бензема тавонист аз як ҳолати хуби голзанӣ ва партофти ҳамдастааш Даниэл Карвахалро пурсамар истифода кунад ва имтиёзҳои дастаҳоро баробар. Футболбозони ҳарду даста аз майдон баъд аз хатми вақти асосии қисми аввал бо ҳамин ҳисоби баробар берун шуданд. Аз оғози пайти аввал бозингарони «Реал» ташаббусро дар ихтиёри худ қарор дода, ниммуҳофзитагари олмонитабор Тони Кроос бошад бо анҷом додани як зарбаи головар бар суди даста имтиёз афзуду мадридиҳо ба пеш баромаданд. Криштиану Роналду дар ин маврид ба номаш партофти головарро муҳр зад. Дар дақиқаи 54-уми бозӣ бошад як голи беназуру зеборо ниммуҳофизтагари дигари “Реал”- Мадрид Карлос Каземиро таслими тури даврозаи ин дастаи футболи итолёвӣ намуд. Ҳамин зарбаи ба гол анҷом шуда тақдири бозиро куллан ҳал намуда, ба бошгоҳи муқтадири “Реал”-и Мадрид пирӯзӣ овард. Бо иқрори коршиносон клуби шоҳона ҳарчанд дар хонааш шаҳди пирӯзӣ чашида бошад ҳам, аммо ҳанузам тақдири ин ҷуфт то дидори ҷавобӣ, ки санаи 7-уми марти соли равон дар замини “Напол”-и баргузор мегардад, норушан боқи хоҳад монд. /// Дар бозии дигар, ки дар доираи рақобатҳои марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо дар варзишгоҳи пуршукуҳи “Алянс Арена”, воқеъ дар Мюнхен сурат гирифт, бошгоҳи маҳаллии “Бавария” ба дарвозаи рақибони худ дастаи “Арсенал”-и шаҳри Лондони Англия панҷ гол зад. Ин ҳам дар ҳолест, ки лондониҳо танҳо дар як маврид ба соҳибони замин посух гуфта тавонистанд. Ин бозӣ низ пуршуру шар ва ҷолибу ҷозиб маҷро касб карда, ҳисоб дар дақиқаи 11-уми вохӯрӣ кушуда шуд. Бозингари мумтозу моҳири бошгоҳи “Бавария” Арен Роббен дар ин фурсату фосила як зарбаи дақиқро ба гол табдил кард. Футболбозони “Арсенал” танҳо дар дақиқаи 30-юми рақобат тавонистанд ҳисобро баробар бисозанд. Ҳақи муаллифии ягона голи лондониҳо, ки онро маъмулан голи шармшикан ҳам меноманд ба номи Алексис Санчес сабт гардид. Футболбози чилигӣ аввал зарбаи ҷаримавии 11 метраро ба гол анҷом надод ва кӯшиши Мануел Нойер низ барбод рафт, зеро дар кӯшиши дуюм Санчес тӯбро таслими дарвозаи “Бавария” намуд. Дар нафасҳои пайти дуюм бо иллати лат бардоштан футболбози тими меҳмон Лоран Косселни аз майдон берун шуд. Баъдан бозингарони мюнхен дар гузораи 10 дақиқаи рақобат дар се ҳолат тӯбро таслими тури дарвозаи лондониҳо намуданд. Дар дақиқаи 53-юм Роберт Левандовский аз худ маҳорати олӣ нишон дода, бар суди даста имтиёз афзуд. Тяго Алкантара бошад дар дақиқаҳои 56-ум ва 63-ум ҳолатҳои голзаниро пурсамар истифода намуда, ба номаш дубл муҳр зад. Томас Мюллер баъди ду дақиқаи ба майдон баромаданаш исми худро дар феҳристи нафарони дар ин рақобат голзада ҷой намуд. Ҳаминтириқ “Арсенал” маротибаи 7-ум пайҳам дар марҳилаи 8/1 ниҳои Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо боло рафта наметаонвад, ки дар се мавсим лондониҳоро маҳз дар даври аввали Пле-офф “Бавария” асафар боз медорад. Дарстаҳои мазкур дар доираи рақобатҳои ҷавобӣ санаи 7-уми марти соли равон дар варзишгоҳи “Эмирейтс” боз ҳам андари майдони рақобат хоҳанд шуд.