19:08, 19 Августи 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Шикасти «Барселона» аз ПСЖ

Дар аввалин бозии 1/8 -ниҳоии Лигаи чемпионҳои Аврупо клуби шӯҳратёри «Барселона»

дар варзишгоҳи «Парк де Пренс»-и Париж аз мизбон -ПСЖ бо натиҷаи 4:0 шикаст хӯрда, пешгӯии коршиносони футболи ҷаҳонро ((80% ғалабаи «Барселона») ботил кард. Ду голро дар ин вохӯрӣ ҳамлагари дастаи мунтахаби Аргентина ва ПСЖ Анхел ди Мария дар дақиқаҳои 18 ва 55, Юлиан Дракслер (40) ва Каванӣ (71) ба нишон расониданд. Аҷиб он аст, ки ди Мария ва Каванӣ дар зодрӯзашон ба ин комёбӣ муваффақ шуданд. Аз ин пеш танҳо Мирко Вучинич ва Жулио Баптиста дар ҳайати дастаи «Рома» дар зодрӯзашон дар Лигаи чемпионҳо гол задаанд. ПСЖ ба қатори шаш дастае шомил шуд, ки ба дарвозаи «Барселона» дар бозиҳои Лигаи чемпионҳо 4 гол ворид кардааст. Аз ин пештар ба «Милан», «Динамо»-и Киев, «Валенсия», «Челси» ва «Бавария» муяссар гардида буд, ки «Барселона»-ро ба ин ҳол гирифтор кунанд. Дар бозии дуюми рӯз «Бенфика» бар «Боруссия»-и Дортмунд бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Имрӯз «Бавария» бо «Арсенал» ва «Реал» бо «Наполӣ» бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд.