07:21, 20 Майи 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Комроншоҳ дар “Judo Grand Slam” пирӯзӣ ба даст овард

Паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи

байналмилалии ҷудо бо номи “Paris judo Grand Slam” (“Тоскулоҳи бузурги ҷудо”) мақоми ҳафтумро касб кард. Дар ин мусобиқаи пурнуфузтарини ҷудо, ки рӯзҳои 11-12 феврал дар пойтахти Франсия – шаҳри Париж баргузор шуд, 409 варзишгар (259 мард ва 150 зан) аз 61 кишвари ҷаҳон ширкат дошт. “Тоскулоҳи бузурги ҷудо” дар Париж нахустин мусобиқаи мавсими нав буд, ки аз рӯйи қоидаҳои тозаи ҷудо сурат гирифт. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ чаҳор гуштигир дар сабқати мардон намояндагӣ кард, ки аз байни онҳо паҳлавони пуртаҷриба Комроншоҳи Устопириён натиҷаи хубтар нишон дод. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило дар ду қувваозмоӣ бар рақибонаш Зачари Бурт аз Канада ва Самули Виитанен аз Финляндия пирӯз шуд. Вале баъдан Комроншоҳ аз Хинзао Ченг аз Чин ва Бека Гвиниашвили аз Гурҷистон мағлуб гашт ва дар натиҷа ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд. Дар ин вазн Хинзао Ченг, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Аксел Клергети фаронсавӣ ғолиб омад, мақоми аввалро касб намуд. Паҳлавони дигари тоҷик Акмал Муродов, ки дар вазни то 81 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Николас Долпополо аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дастболо шуд, дар даври баъдӣ аз Дагвасурен Нямсурени муғул шикаст хӯрд. Дар вазни то 81кило боз як гуштигири тоҷик Сафарбек Муродов рақобат кард. Вале ӯ дар даври аввал аз Аттила Унгвари аз Маҷористон шикаст хӯрд. Инчунин Абдулваҳҳоб Сатторов дар вазни то 100 кило аз Соиб Қурбонов (Ӯзбекистон) мағлуб шуд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Япония бо касби 13 медал (7 тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ) мақоми аввалро азони худ кард. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 5 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) дуюм шуд. Мунтахаби Франсия бо касби 11 медал (1 тилло, 4 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор гирифт.