20:09, 19 Августи 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Мақоми аввали Ҷаҳонгир дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо

Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони 17-солаи тоҷик, дар раддабандии нави ҷаҳонии ҷудо

дар вазни то 81 кг миёни наврасон (кадетҳо), ки дар сомонаи расмии Федеросиюни байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шудааст, бо 282 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. Гоча Гвачлиани аз Гурҷистон бо 112 имтиёз дар ҷойи дуюм ва Саид Гаҷиев аз Россия бо 100 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд. Бояд гуфт, ки барои Ҷаҳонгир Маҷидов соли 2016-ум соли бобарор буд. Вай дар Ҷоми Осиё байни наврасон дар вазни 81 кг дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон, Макаои Чин ва Ҳонконг ғолиб шуда, дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии “Бачагони Осиё” дар шаҳри Якутски Русия ҷойи дуюм ва дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврасон дар шаҳри Кӯчии Ҳиндустон мақоми сеюмро ишғол кард. Барои ин дастовардҳои бузургаш ӯро Ассосиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) ба феҳристи даҳ варзишгари беҳтарини соли 2016 дохил намуд. Ҷаҳонгир Маҷидов бо ҷоизаҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва АЖРВТ сарфароз гардид. Инчунин соли гузашта паҳлавони навраси душанбегӣ Ҷаҳонгир Маҷидов, ки бори аввал дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои кишвар миёни бузургсолон ширкат дошт, дар рақобатҳо дар вазни то 81 кило мақоми аввалро касб намуд ва ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.