18:49, 19 Августи 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Футзалистони тоҷик бо ҳамтоёни туркии худ маҳорат меозмоянд

Дар доираи омодагиҳо ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018

мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии сармураббии кордону соҳибтаҷрибаи тоҷик Ҳусейн Шодиев ду бозии озмоишии дӯстонаро бо дастаи Туркия анҷом хоҳад дод. Баргузории бозиҳои мазкур 22-23-юми моҳи феврали соли равон дар шаҳри Яловаи кишвари номбурда дар назар аст. Сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 11-уми феврали соли ҷорӣ футзалбозони тоҷик марҳилаи машқу тамринҳоро ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ омода намудани худ ба рақобатҳои қарибулвуқӯъ дар Душанбе дубора сар гирифтанд. Марҳилаи омодагии даста дар Душанбе то 20-уми феврал идома мекунад. Дар ин марҳила Ҳусейн Шодиев 14 бозингарро бо шумули ду дарвозабон ва 12 футзалбози андари майдон даъват намудааст. Ёдрас мешавем, ки баъд аз танаффуси 3 сола ба ҳайати мунтахаби миллии кишвар бозингари соҳибистеъдоду нотакрори тоҷик Хуршед Маҳмудов ҷалб гардид, ки феълан бо дастаи ДИСИ Инвест қарордоди ҳамкориро ба имзо расонидааст. Бозиҳои интизор дар доираи марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018 дар Минтақаи Марказӣ аз 13-22-юми октябри соли равон сурат хоҳанд гирифт.