18:46, 19 Августи 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ғалабаи «Истиқлол» дар бозии санҷишӣ

Чемпиони Тоҷикистон - «Истиқлол»-и Душанбе дирӯз дар бозии санҷишии навбатӣ

КМВА «Помир»-ро дар Варзишгоҳи марказии пойтахт бо натиҷаи 4:0 мағлуб кард. Ин аввлин бозии таҷрибавии истиқлолиҳо баъди бозгашт аз Туркия мебошад. Чемпионҳо марҳалаи чоруми омодагиро ба мавсими нав дар шаҳри Душанбе мегузаронанд. Дар бозии санҷишӣ бо КМВА «Помир» Соҳиб Саванқулов (дақиқаи 2), Фатҳулло Фатҳуллоев (29), Дмитрий Барков(40) ва Дилшод Восиев (84) муаллифи голҳо шуданд. Нуриддин Давронов баъди баргашт аз КФ «Дунав»-и Булғория дар бозӣ иштирок кард. Ёдрас мешавем, ки «Истиқлол» ва КМВА «Помир» бозии аввали санҷишии худро дар доираи омодагӣ ба мавсими нави футбол 10 январи соли ҷорӣ бо ҳам гузаронида буданд ва бозӣ бо ғалабаи чемпионҳо бо ҳисоби 4:1 анҷом ёфт.