19:13, 19 Августи 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Музаффарияти Мутриба Ҳотамӣ дар Эрон

Ҷоизадори Озмуни зебосанами шоҳмотбози АвруОсиё 2017

-Мутриба Ҳотамӣ дар ду мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шатранҷбозӣ дар Эрон ширкат карда, пирӯзӣ ба даст овард. Дар ин мусобиқа, ки байни намояндагони 10 кишвари дунё дар шаҳри Ардабили Эрон сурат гирифт, Мутриба бо касби 7,5 имтиёз мақоми аввалро ишғол намуд. Ин шоҳмотбози номовару ояндадори тоҷик, ҳамчунин дар сабқати шоҳмот, ки дар шаҳри Рашти Эрон роҳандозӣ гардид, миёни 365 довталаб аз кишваҳои гуногуни ҷаҳон дар зинаи 2-юм қарор гирифт. Баъди нишон додани натиҷаҳои баланд дар ду мусобиқа, Мутрибаро ба 7 мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Фирдавсӣ, ки баргузорияш аз 13 то 20-уми феврали соли равон дар назар аст, даъват карданд. Феълан Мутриба Ҳотамӣ дар шаҳри Теҳрони Эрон қарор дошта, ба сабқати интизор омодагӣ мегирад. Мутриба Ҳотамӣ дар Душанбе соли 1997 ба дунё омада, фарзанди мурраббии мумтозу моҳиру кордони тоҷик Саодат Одинаева мебошад. Мутриба Ҳотамӣ 14 маротиба унвони қаҳрамони Тоҷикистонро миёни шоҳмотбозони то 20 сола ба даст оварда, дар 3 мавриди дигар қаҳрамони Тоҷикистон байни бонувони шоҳмотбоз гардидааст.