18:50, 19 Августи 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA як зина поён рафт

Тоҷикистон дар рейтинги нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол),

ки 9 феврал нашр шуд, як зина поён рафт ва дар байни 211 кишвар бо 231 имтиёз дар ҷойгоҳи 133-юм қарор гирифт. Тоҷикистон дар байни 46 дастаи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) мақоми 22-юмро касб кардааст. Дар Осиё Эрон дар ҷойи аввал (дар ҷаҳон 32-юм), Кореяи Ҷанубӣ дар ҷойи дувум (дар ҷаҳон 39-ум) ва Ҷопон дар ҷойи сеюм (дар ҷаҳон 52-юм) қарор доранд. Мунтахаби Аргентина дар феҳристи нави ФИФА бо 1635 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Бразилия (1544 имтиёз) дар ҷойи дуюм ва дастаи Олмон (1433 имтиёз) дар мақоми сеюм мебошанд. Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (30-юм), Русия (61-ум) ва Ӯзбекистон (63-юм) ба даст овардаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ танҳо аз Туркманистон (144-ум) ва Молдова (163-юм) пеш аст. Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯйи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.