07:49, 20 Майи 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Харҷи Қатар ҳар ҳафта барои Ҷоми ҷаҳон-2022 500 миллион доллари амрикоӣ

Вазири молияи Қатар Алӣ Шариф ал Эмадӣ мегӯяд, ки Қатар

барои Ҷоми ҷаҳон-2022 омодагӣ мегирад. “Мо ҳар ҳафта қариб 500 миллион доллар барои лоиҳаи асосӣ харҷ мекунем. Ин иқдом давоми 3-4 соли оянда давом хоҳад кард. Ин ягона роҳе мебошад, ки мо метвонем ба мақсадҳоямон бирасем” мегӯяд Алӣ Шариф ал Эмадӣ. Қаблан хабар дода шуда буд, ки Қатар барои Ҷоми ҷаҳон-2022 зиёда аз 200 миллиард доллар харҷ хоҳад кард. Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳон-2022 аз 21 –уми ноябр то 18-уми декабри соли 2022-юм дар Қатар гузаронида мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии “AFP” хабар медиҳад.