07:20, 20 Майи 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Натиҷаҳои аввалини лижаронҳои тоҷик дар Универсиадаи зимистона

Универсиадаи XXVIII -уми зимистона дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон

бо ширкати беш аз ду ҳазор варзишгар идома дорад. Се нафар варзишгарони тоҷик Соҳибназари Турсунмурод, Сайфиддини Низомиддин ва Дониёр Каримов 4-уми феврал дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ миёни мардон, ки дар осоишгоҳи лижаронии кӯҳии Шимбулак баргузор шуд, аз рӯйи гигант слалом (GS) ё слаломи бузург қувваозмоӣ карданд. Соҳибназари Турсунмурод дар даври аввал бо натиҷаи 1:26.88 ҷойи 74-умро соҳиб шуд. Сайфиддини Низомиддин бо натиҷаи 1:34.33 ҷойи 76-умро гирифт. Вале Дониёр Каримов ба марра нарасид. Дар ин навъи рақобатҳо лижарони Швейтсария Ҷоел Мюллер бо натиҷаи 1:04.60 мақоми аввалро касб кард. Ҷулио Ҷиованнӣ Боска аз Итолиё бо натиҷаи 1:04.95 ва Кедрик Ногер аз Швейтсария бо натиҷаи 1:05.06 мақомҳои дуюм ва сеюмро соҳиб шуданд. Дар даври дуюм Соҳибназари Турсунмурод бо натиҷаи 1:32.59 ҷойи 65-ум ва Сайфиддини Низомиддин бо натиҷаи 1:32.92 мақоми 66-умро ба даст оварданд. Ин маротиба низ Дониёр Каримов ба марра нарасид. Ба ҳамин тартиб, аз рӯйи натиҷагирии ду даври мусобиқа Ҷулио Ҷиованнӣ Боска бо натиҷаи 2:12.77 ҷойи аввал, Ҷоел Мюллер (2:12.99) ҷойи дуюм ва Кедрик Ногер (2:13.39) мақоми сеюмро аз они худ карданд. Соҳибназари Турсунмурод бо натиҷаи умумии 2:59.47 дар ҷойи 65-ум ва Сайфиддини Низомиддин (3:07.25) дар ҷойи 66-ум қарор гирифтанд. Варзишгарони тоҷик боз дар як навъи лижаронии кӯҳӣ - слалом миёни мардон, ки имрӯз, 7-уми феврал барпо мегардад, ширкат меварзанд.