10:00, 04 Июни 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Уэйн Руни – нишонзани беҳтарин дар таърихи "Манчестер Юнайтед"

Дар доираи рақобатҳои даври 22-юми Премер-лигаи Англия

дастаи "Манчестер Юнайтед" дар сафар бо "Сток Сити" бозиашро мусовӣ - 1:1 анҷом дод. Ниммуҳофизатгари дастаи "Манчестер Юнайтед" Хуан Мата дар дақиқаи 19-ум тӯбро вориди дарвозаи худ кард. Дар дақиқаҳои иловагии қисми дуюми бозӣ бошад, зарбаи дақиқи Уэйн Руни боиси мусовии дидори ин ду даста гардид. Ин голи 250-уми Руни бо пироҳанҳои "Манчестер Юнайтед" ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, ӯ ягона футболбоз дар таърихи Премер-лига мебошад, ки 88 гол дар меҳмонӣ ба ҳадаф расонида аст. Ҳамин тариқ, Руни аз беҳтарин нишонзани "Манчестер Юнайтед" Боби Чарлтон, ки солҳои 1954 то 1973 ҳунарнамоӣ кардааст, пеш гузашт.