08:31, 23 Июни 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Эълони номи 10 варзишгари беҳтарини Тоҷикистон

Ба даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2016, ки

аз тарафи Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиш интихоб шудаанд, ҷоизаҳо супурда шуд. Даҳ варзишгари беҳтарини сол тавассути пурсиши беш аз 70 журналисти риштаи варзиши нашрияву хабаргузориҳо ва телевизиону радио муайян шуданд.

Ин маросим рӯзи 10-уми январ дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор гардид. Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпӣ, гуфт, дар ин сол Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик, дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва медали тилло ба даст овард. "Ин аввалин медали тиллои дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ мебошад.

Дар феҳристи даҳ варзишгари беҳтарини сол паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мақоми дуюм қарор гирифт.

Муштзани тоҷик Анвар Юнусов, ки соли 2016 дар мусобиқаи ҷаҳонии литсензионӣ дар вазни 60 кг дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҷойи дуюмро гирифт, ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шуд. Ӯ дар феҳристи АЖРВТ дар мақоми сеюм ҷой гирифт.

Варзишгароне, ки ба даҳгонаи беҳтаринҳо дар соли 2016 дохил шуданд, инчунин бо ҷому дипломҳои Кумитаи миллии олимпӣ ва Ассосиатсияи журналистони варзиши Тоҷикистон сарфароз гаштанд:

Ҳамроз РАҶАБОВ (самбо) - ҷойи аввал дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар вазни 74 кг дар шаҳри Ишқободи Туркманистон, ҷойи сеюм дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Софияи Булғористон;

Моҳрӯ ҲАЛИМОВА (таэквондо ВТФ) – ҷойи дуюм дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар вазни 73 кг ва ҷойи севум дар мусобиқаи интихобии қитъавӣ дар шаҳри Манилаи Филиппин;

Шаҳриёр ДАМИНОВ (қаиқронӣ) – ҷойи дуюм дар каноэи яккаса ба масофаи 1000 метр, ҷойи сеюм дар каноэи яккаса ба масофаи 500 метр ва ҷойи сеюм дар каноэи дукаса ба масофаи 1000 метр дар Ҷоми Осиё дар шаҳри Самарқанди Узбакистон;

Фаррух АМОНАТОВ (шоҳмот) – ҷойи аввал дар Ҷоми Авруосиё дар шаҳри Алматии Қазоқистон ва ғолиби ду мусобиқаи байнулмилалӣ дар шаҳрҳои Таганроги Русия ва Тошканди Узбакистон;

Зӯҳро ХОЛОВА (кикбоксинг) – қаҳрамони Осиё дар вазни 52 кг дар шаҳри Чҳонҷӯи Кореяи Ҷанубӣ;

Вера СЕМАШКО (кӯҳнавардӣ) - қуллаи баландтарини Тоҷикистон - Исмоили Сомониро, ки баландиаш 7495 метр аст, дар байни бонувони кишвар аввалин шуда фатҳ кардааст;

Ҷаҳонгир МАҶИДОВ (ҷудо) – ҷойҳои аввал дар Ҷоми Осиё байни наврасон дар вазни 81 кг дар шаҳри Чирчиқи Узбакистон, Макаои Чин ва Ҳонконг, ҷойи дуюм дар Бозиҳои VI байнулмилалии варзишии “Бачагони Осиё” дар шаҳри Якутски Русия, ҷойи сеюм дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврасон дар шаҳри Кӯчии Ҳиндустон.

Дар ин маросим, инчунин, паҳлавони маъруфи тоҷик Парвиз Собиров, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон (Veterans World Judo Championships 2016) дар шаҳри Форт-Лодердейли иёлати Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар рақобатҳо дар вазни то 100 кило дар гурӯҳи М2 (35-39-сола) медали тилло ба даст овард, бо ҷому диплом ва ҷоизаи молии Кумитаи миллии олимпӣ ва Ассосиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон мукофотонида шуд.