02:14, 18 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Дастаи ҷавонони кишвар оид ба футзал ба Тайланд меравад

Марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё оид ба футзал миёни дастаҳои

мунтахаби ҷавонони то 20-сола, ки дар он дастаи Тоҷикистон низ ширкат мекунад, дар Тайланд доир мегардад. Дар аввалин чемпионати Осиё-2017 миёни ҷавонон, ки 9-21 май ба нақша гирифта шудааст, 22 даста иштирок хоҳанд кард. Тибқи қуръакашӣ, ки дертар сурат мегирад, дастаҳо ба чор гурӯҳ – ду гурӯҳи иборат аз 6 даста ва 2 гурӯҳ иборат аз 5 даста тақсим мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин рақобатро барои медалҳо идома медиҳанд. Дастаи мунтахаби ҷавонони кишварро ба чемпионати Осиё-2017 Пайрав Воҳидов омода мекунад. То мусобиқа футзалчиёни ҷавони кишвар чанд бозии рафиқона анҷом хоҳанд дод.