23:04, 20 Январи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Январ 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Бозии «Ҳосилот» ва «Шоҳин Асмоӣ» 7 феврал дар шаҳри Душанбе доир мешавад

Бозии ҷавобии байни дастаҳои «Ҳосилот»-и Фархор

ва «Шоҳин» Асмоӣ»-и Афғонистонро, ки рӯзи 7 феврал дар шаҳри Душанбе мегузарад, доварони эронӣ ҳакамӣ мекунанд. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар медиҳад. Ба ҳайси довари майдон Моуд Бунёдфард таъйин шудааст. Ба ӯ Саид Алинаҷодиён ва Алӣ Мирзобейгӣ кумак мерасонанд. Довари эҳтиётӣ Ҳайдари Пайём ва нозири доварон Аҳмад Ёқуб Муҳаммад Ҷумъа аз АМА ба шумор мераванд. Вазифаи комиссарии вохӯриро Жаргал Сухбаатар ба уҳда гирифтааст. «Ҳосилот» ва «Шоҳин Асмоӣ» дар даври аввали бозиҳои плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар ду вохӯрӣ барои ба марҳалаи дуюм баромадан мубориза мебаранд. Бозии аввали ин дастаҳо рӯзи 31 январ барпо мегардад, аммо то ба ҳол макони баргузории ин бозӣ муайян нашудааст.

Маълумотномаи «Ховар»: КФ «Шоҳин Асмоӣ»-и Афғонистон- ҳарифи «Ҳосилот»и Фархор «Шоҳин Асмоӣ» дастаи футболи кишвари Афғонистон мебошад, ки соли 2016 дар Лигаи бартари Афғонистон унвони қаҳрамониро ба даст овард ва бори аввал дар таърихи футболи ин кишвари дӯсту ҳамсоя дар бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) иштирок мекунад. Даста бо «Ҳосилот»-и Фархор дар аввалин бозии плей-офф вориди майдон мешавад. «Шоҳин» Асмоӣ» намояндаи шаҳри Кобул аст ва дар варзишгоҳи федератсияи футболи Афғонистон (ғунҷоишаш 8 000 мухлис) машқ карда, бозиҳои худро дар он баргузор мекунад. Таърихи таъсисаш ба соли 2012 рост меояд ва лақаби «Тиллопӯшони пойтахт»-ро ба худ ихтисос додааст. Сармураббии даста Боир Эгамбердиев, собиқ сармураббии дастаи мунтахаби олимпӣ, ҷавонону наврасони Тоҷикистон ва директори Мактаби маҳорати олии футболи кишварамон мебошад. Ӯ соли гузашта ин дастаро ба унвони чемпионӣ расонид. Аз ин пештар «Шоҳин Асмоӣ» таҳти роҳбарии Алӣ Ҷаввод Аттоӣ ва Ҳабиб Бахш солҳои 2013 ва 2014 ба гирифтани ин унвон шарафёб гардид.