23:02, 20 Январи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Январ 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дастаи ҷавонон даври дуюми омодагиро шурӯъ кард

Баъд аз чанд рӯзи истироҳат 2-юми январ дастаи ҷавонони кишвар

U-18 давраи дуюми машғулиятҳои машқию таълимиро дар доираи мусобиқаи байналмилалии аввалин ноиби президенти Федератсияи байналмилалии футбол Валентин Гранаткин оғоз кард. Сармураббӣ Виталий Левченко ба машғулиятҳо 22 бозингар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро даъват кардааст. Ба рӯйхати ниҳоӣ 18 бозингар дохил мешаванд. Машғулиятҳои футболбозони ҷавон дар шаҳри Душанбе то 7-уми январ идома меёбад. Сипас даста барои ширкат дар 29-ум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол ба хотираи аввалин ноиби президенти FIFA Валентин Гранаткин, ки 8-21-уми январ доир мегардад, ба шаҳри Санкт Петербурги Русия сафар мекунад. Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа 16 дастаи мунтахаб аз футболбозони соли таваллудашон 1999 ва аз он хурд иштирок мекунанд. Дар бозии аввал дастаи ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолони юнониашон вомехӯранд. Ин бозӣ 8-уми январ ба нақша гирифта шудааст ва соати 14:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад. Шогирдони Виталий Левченко 10-уми январ бо дастаи ҷавонони Булғористон (оғози бозӣ – 16:15) ва дар бозии охири гурӯҳӣ 12 январ бо тими Эстония (оғоз – 14:00) вомехӯрад. Дастаи ҷавонони кишвар дар сурати аз гурӯҳ баромадан бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “В” – Латвия, Белорус, Русия, Ҳиндустон рақобат мекунад.