02:13, 18 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Муҳсин Муҳаммадиев ёварони худро интихоб кард

Сармураббии нави дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Муҳсин Муҳаммадиев

ҳайати ёварони худро барои мавсими футболи соли 2017 интихоб кард. Тавре сомонаи КФ «Истиқлол» хабар медиҳад, дар мавсими футболи соли 2017 ба Муҳсин Муҳаммадиев Небойша Топалови 43- сола аз Сербия ба ҳайси ёвар ва Алишер Тӯхтаев, собиқ мураббии дастаи «Барқчӣ» ба ҳайси ёвари дуюм кумак мекунанд. Дарвозабонҳоро ба мавсими нав Александр Кулакови 60-сола аз Латвия омода месозад. Мутахассиси серб Небойша Топалов қаблан дар вазифаи ёвари сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Қазоқистон ва тими «Жетису» фаъолият кардааст. Александр Кулаков дар ҳамин вазифа дар дастаи мунтахаби Латвия ифои вазифа кардааст. Пештар ин ду мутахассис бо Муҳсин Муҳаммадиев дастаи «Ордабаси»-ро машқ додаанд.