04:06, 22 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Духтарони тоҷик дар Ҷоми "Challenge Trophy" мақоми сеюмро аз худ намуданд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки аз ҳисоби духтарони

солҳои таваллудашон 1997-2000 таркиб ёфтааст, дар марҳилаи интихобии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гандбол барои Ҷоми «Challenge Trophy» дар минтақаи Осиёи Марказӣ мақоми сеюмро касб кард. Ин мусобиқаи минтақавиро Вазорати фарҳангу варзиш ва Федератсияи гандболи Ӯзбекистон таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии гандбол баргузор карданд. Дар мусобиқа варзишгарони ҷавони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд. Дар сабқати занон мунтахаби Ӯзбекистон, ки бар ҳамаи рақибонаш ғолиб омад, ҷойи аввалро соҳиб гашт ва бо ҷоизаи аслӣ мукофотонида шуд. Мунтахаби Туркманистон ҷойи дуюмро гирифт. Дастаи Тоҷикистон, ки бар тими Қирғизистон ғолиб омад, аз дастаҳои Ӯзбекистону Туркманистон мағлуб гашт, ҷойи сеюмро азони худ намуд. Мунтахаби Қирғизистон чорум шуд. Дар мусобиқаи духтарон дастаи Қазоқистон иштирок надошт. Дар сабқати писарон низ мунтахаби Ӯзбекистон, ки дар ҳамаи бозиҳо пирӯз шуд, ҷойи аввалро аз они худ кард. Дастаи Қазоқистон ҷойи дуюм ва мунтахаби Туркманистон ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Мунтахаби Тоҷикистон чорум ва дастаи Қирғизистон панҷум шуданд.