04:06, 22 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Криштиану Роналду беҳтарин варзишгари Аврупо дониста шуд

Ҳамлагари португалии клуби футболи «Реал»-и Мадрид Криштиану Роналду

дар қитъаи Аврупо варзишгари беҳтарини сол эълон гардид. Дар ин бора натиҷаи пурсишҳои 27 Агентии иттилоотии кишварҳои Аврупо ба назар гирифта шудааст,- хабар медиҳад «El Mundo Deportivo » 27 декабри соли 2016. Ба қатори сегонаи варзишгарони беҳтарини Аврупо ҳамчунин теннисбоз Энди Марей (рақами 1 АТР, Англия) ва шиновари венгриягӣ Катинка Хоссу, соҳиби се медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Риоде-Жанейро- 2016 шомил шуданд. Пурсишро Агентии иттилоотии «Polska Agencja Prasowa» гузаронидааст. Криштиану Роналду 12 декабри соли равон маротибаи чорум соҳиби унвони беҳтарин футболбози ҷаҳон гардида, ҷоизаи «Тӯби тилло»-ро ба худ ихтисос дод. Ӯ дар соли 2016 унвони чемпиони Аврупоро дар ҳайати дастаи мунтахаби Португалия ба даст оварда, бо «Реал» соҳиби Ҷоми Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми ҷаҳон байни клубҳо гардид.