10:55, 25 Марти 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Футбол: бозии таҷрибавии «Истиқлол» -«Ҳосилот»- 2:2

Дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и Фархор, ки

соли оянда шарафи Тоҷикистонро дар бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ҳимоя мекунанд, дирӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозии таҷрибавӣ ва санҷишии худро бо натиҷаи 2:2 мусовӣ ҷамъбаст карданд. Вохӯрӣ зери борон ҷараён гирифт. Дар натиҷа Нозим Бобоҷонов (12) ва Ҷаҳонгир Алиев (35) аз дастаи «Истиқлол» ва Муҳаммадҷони Ҳасан (24) ва Сафаралӣ Каримов (50, аз зарбаи пеналтӣ) ба задани гол мушарраф шуданд. КФ «Истиқлол» аввалин бозии худро таҳти роҳбарии мураббии нави худ-Мӯҳсин Муҳаммадиев баргузор кард. Ҳайати дастаҳо дар ин бозии санҷишӣ чунин буд: «Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев (Беҳрӯз Хайриев, 46), Соҳиб Саванқулов (Сиёвуш Асроров, 46), Петро Ковалчук (Масиҳ Саидғанӣ, 46), Аҳтам Назаров, Дилшод Восиев (Табрези Давлатмир, 46), Дэвид Мавутор, Амирбек Ҷӯрабоев (Фаридун Шарифов, 57), Манучеҳр Ҷалилов, Нозим Бобоҷонов (Ромиш Ҷалилов, 54), Ҷахонгир Алиев, Фатҳулло Фатҳуллоев (Шаҳром Сулаймонов, 62). «Ҳосилот» (Фархор): Фатҳулло Бобоев (Рустам Ризоев, 46), Ойбек Абдуғаффоров, Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов (Ҳикматулло Расулов, 46), Мӯсо Содиқ (Абдурасул Раҳмонов, 46), Абдусамад Хоҷибоев (Хайрулло Азизов, 46), Майкл (Бахтиёр Қаландаров, 46), Муҳаммадҷони Ҳасан (Саидхони Амрохон, 46), Акуффо Гершон (Наврӯз Рустамов, 46), Иброҳим Рабимов, Агблей Джонс (Шодибек Гаффоров, 46). Довари майдон: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе). Огоҳӣ гирифтанд: Беҳрӯз Хайриев, Масиҳ Саидғанӣ («Истиқлол»), Иброҳим Рабимов («Ҳосилот»).