15:07, 14 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Тифлис: имрӯз чемпионати ҷаҳон оид ба панкратион баргузор мегардад

Дар шаҳри Тифлиси Ҷумҳурии Гурҷистон аз 29-уми сентябр

то 2-юми октябри соли ҷорӣ чемпионати ҷаҳон оид ба панкратион баргузор мегардад. Дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 6 нафар варзишгар бо роҳбарии президенти Федератсияи панкратиони мамлакат Восеъ Исупов иштирок хоҳад кард. Дар ин чемпионат варзишгарони тоҷик Нурулло Алиев (76 кг), Сорбон Камолов (69 кг), Сомони Баҳодур (29 кг), Ислом Холмуродов (22 кг) ва Восеъ Исупов (71 кг) ширкат мекунанд. Бо вуҷуди оне, ки Федератсияи панкратион дар Тоҷикистон ба наздикӣ ба фаъолият оғоз кард, наврасону ҷавонони зиёд дар ин риштаи варзиш ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.