02:31, 21 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба бозии рафиқона бо Фаластин

Дирӯз нахустин марҳилаи омодагии мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол

ба вохӯрии байналмилалии рафиқона бо тими мунтахаби Фаластин баргузор шуд. Баъд аз бозӣ бо мунтахаби Сурия, ки дар варзишгоҳи муҳташами 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бидуни гол, мусовӣ анҷом пазируфт, дастпарварони Ҳаким Фузайлов баъд аз як рӯзи истироҳат ба машғулияти таълимию тамринӣ оғоз намуданд. Бо дарназардошти он, ки бозӣ бо тими Фаластин дар майдони маснуъ дар Хервон сурат мегирад, мунтахаби Тоҷикистон то рӯзи шанбе машғулияти хешро дар майдони эҳтиётии маснуи Варзишгоҳи Марказии ҷумҳуриявӣ барпо мекунад. Мунтахаби Тоҷикистон ба бозии байналмилалии рафиқона бо мунтахаи миллии Фаластин дар ҳайати 22 нафар омодагӣ мегиранд. Нимҳимоятгари бошгоҳи “Дунав”-и Булғористон, футболбози мумтозу моҳири тоҷик Нуриддин Давронов дар ин бозӣ ширкат хоҳад кард. Фардо лигионери дигари тоҷик, бозингари дастаи “Локомотив”-и Булғористон Парвизҷон Умарбоев низ ба ҳайъати мунтахаб мепайвандад. Бо иллати ҷароҳат бардоштани ҳимоятгари дастаи “Тараз”-и Қазоқистон Давронҷон Эргашев номи ӯ аз рӯйхати ҳайъати асосӣ бардошта шудааст. Мунтахаби Тоҷикистон шаби шанбе, сеюми сентябр рахти сафар ба Фаластин хоҳад баст. Ҳаъати мунтахаби Тоҷикистон тавассути хатсайри Душанбе –Дубай-Оман парвоз намуда, аз Уммон тариқи автобус ба Исроил меравад. Дидори рафиқонаи тимҳои Тоҷисистону Фаластин рӯзи 6-уми сенябри соли равон дар варзишгоҳи Дураи шаҳри Хервон дар назар аст. Дар ҳамин замини сабзпӯш моҳи феврали ҳамин сол вохурии марҳилаи плей-оффи Ҷоми конфедератсияи футболи Осиё миёни тимҳои Аҳли Ал Халила ва баррандагони нишонҳои нуқраи Тоҷикистон, дасти Хуҷанд баргузор шуда буд.