09:00, 24 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ғалабаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар Бангладеш дар вохӯрии ҷавобии плей-офф

Дирӯз, дар вохӯрии ҷавобии плей-оффи Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019, ки

финали он дар Амороти Мутаҳидаи Араб мегузарад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Бангбаҳанду»-и шаҳри Дакка соҳибони майдон, дастаи мунтахаби Бангладешро бо натиҷаи 1:0 мағлуб кард. Ягона голро дар дақиқиаи 11 Аҳтам Назаров ба ҳадаф расонд. Сармурабии дастаи мунтахаби кишварамон Ҳаким Фузайлов ҳайати дастаро чунин муайян кард: Абдуазиз Маҳкамов, Эраҷ Раҷабов (Даврон Тӯхтасунов, 46), Табрези Давлатмир (Манучеҳр Аҳмадов,72),Аҳтам Назаров , Умедҷон Шарифов , Нуриддин Давронов, Ҷахонгир Эргашев , Амирбек Ҷӯрабоев, Сиёвуш Асроров, Парвиз Умарбоев, Аҳтам Ҳамроқулов (Манучеҳр Ҷалилов,46). Ба ҳамин тартиб футболбозони мо баъди ду ғалаба 5:0 ва 1:0 бар дастаи мунтахаби Бангладеш ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё -2019, ки моҳи марти соли оянда оғоз мешавад, роҳ ёфтанд.