17:03, 21 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Нахустин ғалабаи футболбозони тоҷик дар плей-оффи Ҷоми Осиё-2019

Дастаи мунтахаби кишварамон таҳти роҳбарии мураббии нави худ

Ҳаким Фузайлов дар аввалин дидори расмиаш дар доираи бозиҳои плей-оффи Чемпионати Осиё -2019 бар дастаи мунтахаби Бангладеш бо натиҷаи намоёни 5:0 ғалаба кард. Дар ҳузури беш аз 8 000 мухлис ҳайати тағйирхӯрдаи тими мунтахаби мо нисбат ба рақобатҳои қаблӣ тавонист бозии ниҳоят ҷолиби серголро манзури тамошобинон гардонад. Пеш аз ҳама, ҷалб шудани бозингарони ҷавон ва ба ҳайати асосӣ шомил шудани онҳо суръати бозиро хеле баланд кард ва умед аст, ки дар бозиҳои оянда ин ҳайат боз ҳам сайқал хоҳад ёфт. Бозингари беҳтарини ин вохӯрӣ Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 19 ҳисобро боз карда, баъдан бо голи дуюми задааш бартарии футболбозони моро афзуд. Парвиз Умарбоев пас аз он, ки зарбаи кунҷиро футболбозони мо ба таври хос ба иҷро расониданд, муаллифи голи сеюм шуд. Дарвозабони тими мунтахаби Бангладеш Шаҳидул Алам хеле серкор буд. Дар дақиқаи 58 баъди зарбаи ҷаримавӣ муҳофизатгари тими мунтахаби кишварамон Даврон Эргашев дар майдони назди дарвоза аз ҳама боло ҷаста, бо зарбаи сар голи чоруми дастаи мунтахабро ба ҳадаф расонид. Умедҷон Шарифов муаллифи голи панҷум гардид. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ба як маъно, пеш аз рақобати баргашти дастаҳо 7 июн дар шаҳри Дакка масъалаи роҳхат ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё-2019-ро, ки дар Амороти Мутаҳидаи Араб мегузарад, ҳалл кард. Дар ин рӯз вохӯриҳои дигар ҳам барпо гардиданд, ки натиҷааш он чунин аст:

Тайбэйи Чин Камбоҷа 2:2

Лаос Ҳиндустон 0:1

Малайзия Тимори Шарқӣ 3:0

Малдив Яман 0:2