09:00, 24 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Жозе Моуринио ҷойгузини Луи ван Гаал

Роҳбарияти бошгоҳи “Манчестер Юнайтед” хабари расмии

сармураббии бошгоҳашон гардидани Жозе Моуринйоро паҳн карданд. Қарордод бо ин мутахассиси португалӣ барои се соли оянда ба имзо расидааст. Мавсими имсолаи футбол дар Пример-Лигаи Англия барои “Манчестер Юнайтед” ва Жозе Моуринйо басо бебарор омад. Бошгоҳи футболи “Манчестер Юнайтед” зери роҳбарии Луи ван Гаал аз иштирок дар мусобиқоти Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо дар мавсими оянда маҳрум монд. Ин дар ҳолест, ки дар мусобиқоти дохилӣ низ онҳо чандон бозии хуб нишон дода натавонистанду танҳо дар мақоми 5-ум қарор гирифтанд. Жозе Моуринйо бошад, чун сармураббии бошгоҳи “Челси” мавсими кунуниро бо нокомиҳо оғоз намуда, моҳи декабри соли 2015-ум ӯро қабл аз муҳлат аз вазифааш барканор карданд. Аммо, бидуни эътино ба ин паёмадҳои тақдир Жозе Моуринйо ҳамоно дар бозори футболи касбӣ харидорони зиёд дошт. Коршиносон ҳадс мезаданд, ки ӯ деру дур аз ифои вазифаи касбӣ бенасиб нахоҳад монд. Ин пиндорҳо ҳамакнун тасдиқи худро ёфтанд. Чаро ки, мутахассиси португалӣ ба тозагӣ сармураббии яке аз тимҳои бонуфузу собиқадори Англия таъин гардид. Луи ван Гаалро ҳамроҳи зердастонаш дарёфти Ҷоми кишвар низ аз вартаи нокомӣ наҷот дода натавонист. Роҳбарияти бошгоҳ дигар ӯро дар вазифаи сармураббии даста дидан нахостанд. Қарордоди ҳамкорӣ бо Луи ван Гаал чор рӯз пеш беэътибор дониста шуд. “Манчестер Юнайтед” барои Моуринйо ҳафтумин бошгоҳест, ки ӯ ба ҳайси сармураббӣ фаъолият хоҳад бурд. Баъд аз рафтани Алекс Фергюсон ин мутахассиси португалӣ чорумин сармураббӣ аст, ки барои кор ба бошгоҳи номбурда даъват карда мешавад.