09:01, 24 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Фестивали минтақавии КФО имрӯз дар дараи Алмосӣ оғоз меёбад

Имрӯз дар варзишгоҳи Академияи «Истиқлол», дар дараи Алмосӣ

фестивали минтақаи Осиёи марказӣ ва ҷанубии Конфедератсияи футболи Осиё бо ширкати 6 дастаи наврасони то 14- сола оғоз меёбад. Футболбозони навраси мамлакат бо ҳидояти сармураббиашон Носир Ҳамидов тибқи қуръакашӣ дар аввалин бозиашон субҳи имрӯз бо дастаи мунтахаби Афғонистон вориди майдон мешаванд. Бозии дуввуми футболбозони мо бо тими мунтахаби Эрон бино ба тақвими мусобиқот шоми имрӯз баргузор мешавад. Ёдовар мешавем, ки дар фестивал дастаҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Непал, Ҳиндустон ва Қирғизистон ширкат меварзанд ва бозиҳо дар як давр гузаронида мешаванд.