16:37, 11 Декабри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Лионел Месси маротибаи панҷум ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ»-ро ба даст овард

Ҳамлагари дастаи «Барселона» ва тими мунтахаби Аргентина Лионел Месси

ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» дар соли 2015-умро ба даст овард. Барои ин ҷоиза ду нафари дигар муддаӣ Криштиан Роналдо аз «Реал» ва тими мунтахабаи Португалия Неймар аз дастаҳои «Барселона» ва тими миллии Бразилия ба ҳисоб мерафтанд. Қаблан Лионел Месси солҳои 2009-2010-2011 ва 2012-ум пайиҳам ин ҷоизаро ба даст оварда буд. Солҳои 2013-2014 бошад, ба ин ҷоиза Криштиан Роналдо мушарраф шуда буд, ки дар ҳисоби ӯ ҳоло се «Тӯби тиллоӣ» аст. Ба унвони беҳтарин мураббии сол се нафар Хосеп Гвардиола «Бавария», Хорхе Сампаоло (Чили) ва Луис Энрике «Барселона» мубориза мебурданд. Имсол ин ҷоизаро сармураббии дастаи «Барселона» ба даст овард. Мавсими гузаштаро ӯ бо ҳамроҳии дастааш «Басрелона» бо муваффақона ҷамъбаст карда дар ҳама мусобиқаҳо дастболо шуд. Ҷоизаи беҳтарин футболбоззан ба Карл Ллойд аз дастаи мунтахаби ИМА насиб шуда, сармураббии дастаи мунтахаби мазкур Ҷил Эллис беҳтарин мураббии занона эътироф шуд. Футболбози дастаи «Гоянезия» Уэнделла Лири ҷоизаи FIFA бо номи Френс Пушкашро соҳиб шуд. Ин ҷоиза ба голи беҳтарини сол тақдим карда мешавад.